БА ТАВАҶҶУҲИ МУАЛЛИФОН

 

Маҷаллаи «Муаррих» нашрияи илмӣ - назариявии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон буда, маводи соҳаи илмҳои таърихро дар бар мегирад ва тибқи «Қонун дар бораи матбуот ва воситаҳои ахбори омма» ба нашр омода мешавад.

ҲАДАФҲОИ МАҶАЛЛАИ ИЛМИИ ТАҚРИЗШАВАНДАИ «МУАРРИХ»

-инъикоси саривақтии натиҷаҳои фаъолияти тадқиқотии олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин олимони мамолики хориҷии наздику дур, аз рӯйи соҳаҳои зерини илм: таърихшиносӣ, бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, сиккашиносӣ, таъ-рихи илм ва техника, таърихи муносибатҳои байналмиллалӣ ва сиёсати хориҷӣ, таърихи санъат, фарҳанг, фалсафа.

-инкишофи ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаҳои таърихшиносӣ, бостон-шиносӣ ва мардумшиносӣ;

-ба муҳаққиқон фароҳам сохтани имкони нашри натиҷаҳои ҷустуҷӯйҳои илмӣ;

-инъикоси масоили мубрам ва самтҳои ояндадори илмҳои таърихшиносӣ;

-ҷустуҷӯйи донишҳои нав барои рушди иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он;

-тарғиби дастовардҳои фаъолияти илмию таҳқиқотии олимони институт, инчунин олимони донишгоҳҳои дигар ва муассисаҳои соҳаи илму маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

ШАРТҲОИ НАШРИ МАҚОЛА ДАР МАҶАЛЛАИ «МУАРРИХ»

-ҳайати таҳририяи маҷалла мақолаҳои илмӣ, тақризҳо, тавзеҳҳои илмии қаб-лан дар нашрияҳои чопию электронӣ нашрнашударо барои баррасию чоп қабул мекунад, ки ғояҳои илмӣ, натиҷаю дастовардҳои тадқиқоти бунёдии назарию амалиро оид ба соҳаҳои дониш дар илми таърихшиносӣ дар бар гиранд;

-қарор дар бораи нашр ё радди чоп дар асоси муҳиммият, навоварӣ ва аҳаммияти илмии маводи пешниҳодгардида қабул карда мешавад;

-муаллифон (ҳаммуаллифон) масъулияти саҳеҳии иттилооти илмии пешни-ҳодгардида ва ҳамаи маълумотеро, ки мақола, тавзеҳ ва тақризҳоро дар бар мегиранд, ба зимма доранд;

-ҳамаи маводи ба идораи маҷалла воридгардида ҳатман дар сомонаи antiplagiat.ru мавриди тафтиш қарор мегиранд, сипас ҳайати таҳрир, муаллифон (ҳаммуаллифон)-ро дар бораи натиҷаи арзёбии дастнавис ва ба тақризи минбаъда қабул шудани мавод ё радди пешниҳоди он ба тақриз огоҳ мекунад;

-ҳамаи мақола, тавзеҳ ва тақризҳои ба идора омада дар сурати ҷавоби мусбат баъди тафтиш дар сомонаи antiplagiat.ru  бо мақсади арзёбии онҳо аз ҷониби му-тахассисони пешбари соҳаҳои дахлдори илм ба тақризи дохилӣ ирсол мегарданд;

-мақолаҳои ба тақризи дохилӣ пешкашшуда бояд пурра тибқи талаботе, ки дар сомонаи маҷалла: http:istorik.tarena.tj зикр гардидаанд, таҳия карда шаванд;

-агар дар тақриз оид ба ислоҳу такмили мақола тавсияҳо пешниҳод шуда бошанд, ба муаллиф эроду мулоҳизаҳои муқарриз (бе сабти ному насаби ӯ) барои такмилу ислоҳи мавод ирсол мешавад;

-муаллиф маводи такмилдодаро ба идораи маҷалла мефиристад ва идора онро якҷоя бо ҷавоби муаллиф тибқи ҳар моддаи эродҳо ба тақризи такрорӣ мефиристад;

-ҳайати таҳририя ба таҳрири мақола бидуни тағйир додани муҳтавои илмии он ҳақ дорад. Хатоҳои имлоию техникӣ ва услубиро мусаҳҳеҳ бидуни мувофиқа бо муаллиф (ҳаммуаллифон) ислоҳ мекунад. Дар мавридҳои зарурӣ ислоҳҳо бо муаллиф (ҳаммуаллифон) мувофиқа карда мешаванд;

-нусхаи барои такмил ба муаллиф (ҳаммуаллифон) фиристода бояд дар муҳлати муқарраргардида, баъди ворид сохтани ислоҳу тағйирот дар намудҳои электронӣ ва чопӣ бояд ба идора баргардонда шавад;

-мақолаҳое, ки ба чоп қабул нашудаанд, ба муаллиф (ҳаммуаллифон) бар-гардонда намешаванд. Дар мавриди радди чопи мавод идораи маҷалла ба муаллиф (ҳаммуаллифон) раддияи асоснок ирсол мекунад;

-тибқи дархости шӯроҳои коршиносии КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон идораи маҷалла ба онҳо тақризҳоро пешниҳод мекунад.

ТАЛАБОТ БА ТАҲИЯИ МАҚОЛАҲО

(ТАВЗЕҲҲО, ТАҚРИЗҲО), КИ БА МАҶАЛЛАИ ИЛМИЮ НАЗАРИЯВИИ «МУАРРИХ» -И ИНСТИТУТИ ТАЪРИХ, БОСТОНШИНОСӢ ВА МАРДУМШИНОСИИ БА НОМИ АҲМАДИ ДОНИШИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ЧОП

ИРСОЛ МЕГАРДАНД:

 

1. Барои ҷойгир кардан дар маҷалла мақола, тақриз ва тавзеҳҳои илмӣ тибқи ихтисосҳои илмии 5.6.1. Таърихи дохилӣ; 5.6.2. Таърихи умумӣ; 5.6.3. Археология; 5.6.4. Этнология, антропология ва этнография; 5.6.5. Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва усулҳои таҳқиқоти таърихӣ; 5.6.6. Таърихи илм ва технология; 5.6.7. Таърихи муносибатҳои байналмилалӣ ва сиёсати хориҷӣ; 5.6.8. Ҳуҷҷат-шиносӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, бойгонишиносӣ (фарҳангшиносӣ), ки қаблан дар ҳеҷ ҷой чоп нашудаанд, қабул мегарданд.

2. Муаллифон ба идораи маҷалла ҳатман бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод кунанд:

-матни мақола ба забонҳои русӣ ва англисӣ (ба таври имконият бо тарҷумаи русӣ) ё забони тоҷикӣ, ки дар мактуби роҳнамо бо имзои ректор (ноиби ректор) ё роҳбари муассиса ва ё ин ки ташкилот ба шакли чопии он муаллиф (ҳаммуал-лифон) имзо гузоштаанд;

-тақризи доктор ё номзади илм, ки онро мудири шуъбаи кадрҳои ҷойи кори муқарриз муҳр ва имзо гузоштааст;

-маълумотнома аз ҷойи таҳсил (барои аспирантҳою магистрантҳо);

-шакли чопии ҳуҷҷатҳо ба идора ба суроғаи зерин ирсол мешавад: 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бинои асосӣ, ошёнаи 1, ҳуҷраи 21, телефон: (+992) 221-37-42.

-шакли электронии мақоларо ба почтаи электронии istorik.tarena.tj@yandex.ru ва abdumavlon1987@mail.ru

ирсол намоед. Телефон барои маълумот: (+992 37) 221-37-42; суроғаи сомонаи маҷалла: www.istorik.tarena.tj

ТИБҚИ ТАЛАБОТИ КОА НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҚОЛА БОЯД УНСУРҲОИ ЗЕРИНРО ДАР БАР ГИРАД:

 

-индекси УДК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад);

-индекси ББК (дар аввали мақола дар шакли сатри алоҳида, дар тарафи чап гузошта мешавад);

-ному насаби пурраи муаллиф (ҳаммуаллифон) ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

-унвони илмӣ, дараҷаи илмии муаллиф (ҳаммуаллифон), ном ва рамзи ихтисоси илмӣ (тибқи номгӯй), ки таҳқиқот тибқи он сурат мегирад, ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ;

-аспирантон, унвонҷӯён, омӯзгорон, докторантҳо номи муассисаи илмиро (магистрантҳо самти тайёриро) ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикию русию англисӣ зикр мекунанд;

-зикри мансаб, ҷойи кор, шаҳру мамлакат ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикию русию англисӣ;

-e-mail ва телефони робитавии муаллиф ва ё ҳаммуаллифон барои тамос;

-номи мақола бо забонҳои тоҷикию русию англисӣ бо ҳарфҳои калон, ҳуруфи Times New Roman 14 ё Times New Roman Tj 14, тароз дар марказ);

-фишурда ба забонҳои русӣ ва англисӣ ҳуруфи Times New Roman 14, аз 100 то 250 вожа бо сабти мақсаду вазифаи таҳқиқ, баёни мухтасари кор ва хулосаҳои асосие, ки навоварии илмии корро дар бар мегирад;

-калидвожаҳо ба забонҳои русию англисӣ оварда мешаванд, 5-7 калима ё ибора, ки ду ё се вожаро дарбар мегирад; ҳуруфи Times New Roman 14, тарҳаш - курсив, тароз дар бар, вожаҳо ё ибораҳои калидӣ бо вергул аз ҳам ҷудо карда мешаванд);

-мақола ҳатман бояд номгӯйи адабиёти истифодашударо бо зикри танҳо сарчашмаҳои иқтибосгардида дар бар гирад. Рӯйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта мешавад. Ҳангоми навиштани рӯйхати мазкур тартиби ҳуруфи алифбо ва талаботи ГОСТ бояд ҳатман риоя карда шаванд;

-иқтибосҳо дар қавсайни квадратӣ бо қайди рақами адабиёт мутобиқи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд, масалан: [5,25] ё [5,25; 6,77];

Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоӣ маҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалат пурра орӣ (тоза) бошад.

Мақолаҳое, ки ба идораи маҷалла бо нақзи талаботи мазкур ирсол мегарданд, мавриди баррасӣ қарор намегиранд.

Масъулияти салоҳият, боэътимодии асноди муҳтавои мақолот ба зиммаи муаллифон ва муқарризон вогузор карда мешавад.

Идораи маҷалла